ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Раиси агентии содирот Сироҷиддинзода Баҳриддин гуфт, ки маҳсулоти ғизоии Тоҷикистон ба таҳримҳо дохил намешавад ва барои содироти он ҳич мушкилие вуҷуд надорад, аммо мушкилот дар убури маҳсулоти ҷумҳурӣ аз марзҳои Русия аст.
Вай зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ӯ бо намояндаҳои тиҷории ва гумрукии Русия дар Тоҷикистон дидору мулоқот намуда ин масъаларо бо онҳо баррасӣ кардааст.
“Аз ҷониби мо ҳеҷ мушкилие нест. Мо ин мушкилотро дар дидорҳо метавон гуфт, ки қариб ҳал кардем”,- гуфт ӯ.
Вай дар ин нишаст қайд кард, ки намефаҳмад чаро мувофики шартномаи амалкунанда санҷишҳо барои тарафи Тоҷикистон кам карда шудаанду вале барои дигар кишварҳо умуман вуҷуд надорад.
Сардори агентии содирот таъкид кард, ки ҳоло ҳукумати Тоҷикистон сари ҳамин масъла кор дорад, ки банде, ки дар созишнома ҳамин гуна тафтишҳоро иҷозат додааст, лағв карда шавад.
“Мисли дигар ҷумҳуриҳо. Мо ҳам мехоҳем тафтишҳое, ки дар марзи Русия ҳастанд аз байн бурда шаванд. Аксари вақт пеши роҳи воридоти молҳо ба қаламрави Русия ба таври сунъӣ гирифта мешавад”,- гуфт ӯ.
Оқои Сироҷиддинзода илова кард, ки мақомоти бархе аз минтақаҳои Русия норозигӣ баён мекунанд, ки чаро иҷрои шартномаҳои имзошуда суст ба роҳ монда шудааст ё чаро созишномаҳо иҷро намешавад.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ҳукумати кишвар сари он кор дорад, ки ҳамаи ҳамин нофаҳмиҳоро аз байн бурда шаванд.
“Мо ҳоло зич кор дорем, то ин деворҳои сунъӣ аз байн бубарем. Шумо медонед, ку ворид шудан ба бозор нозукиҳои худро дорад вале мо талош дорем ҳамаи мушкилотро аз байн барем ва барои пешрафти ду кишвар кор кунем”,- қайд кард Сироҷиддинзода Баҳриддин.