ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Эҳёи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон - "Сомон Эйр" ба фурудгоҳи Жуковскийи Маскав аз нимаи август дар назар аст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ иттилоъ дода, афзуд, ки нахустин парвоз 15 август сурат мегирад.
Ба ин тартиб, парвозҳо миёни фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Жуковский ҳафтае як маротиба - аз самти Тоҷикистон рӯзҳои сешанбе ва бараъакс рӯзҳои чоршанбе анҷом хоҳанд шуд.
Тибқи ҷадвал, ҳавопаймо аз пойтахти Тоҷикистон соати 22:20 ва аз Маскав соати 2:00 парвоз мекунад. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик шумораи парвозҳои "Сомон Эйр" дар ин масир зиёд карда шавад.
Дафтари матбуоти "Сомон Эйр" афзуд, ки ҳоло парвозҳои бештар аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Домодедово ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла аз 17 август парвозҳо ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе - дар хидмати мусофирон гузошта мешавад.
Ҳамчунин теъдоди парвозҳо аз Душанбе ба Ҷидда ва Алма ато афзоиш меёбад. Аз ҷумла, рӯзҳои чоршанбею шанбе парвозҳо ба самти Алмаато амалӣ мегарданд.
Ҳавопаймоиҳои "Сомон Эйр" аз 3 сентябр ҳафтае 2 маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе ба Ҷидда парвоз мекунанд. Вақти парвоз аз Душанбе - соати 21:50 ва аз Ҷидда бошад - 02:50 муқаррар шудааст.
Дар ояндаи наздик ширкати ҳавопаймоӣ ният дорад, ки масири парвозро ба Махачкала боз кунаду шумораи парвозҳоро ба самти Самара, Қазон ва Сургут афзоиш диҳад.
"Сомон Эйр" баъди аз фаъолият мондани "Тоҷик Эйр" феълан ягона ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонӣ аст, ки ба мусофирбарӣ машғул мебошад.