ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳолатҳои талоқ дар Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон 26% кам шудаанд, иттилоъ дод вазири адлияи ҷумҳурӣ, Музаффар Ашӯриён.
Ба иттилои ӯ, дар давоми нимсола наздики 5,4 ҳазор ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли қаблӣ наздики 1,9 ҳазор ҳолат ва ё худ 26% камтар мебошад.
Вазир гуфт, дар коҳиши талоқ нақши кормандони мақомоти адлия низ ҳаст, чун корҳои таблиғотӣ барои ҷилавгирӣ аз пошхӯрии оилаҳоро пеш мебаранд.
Дар баробари ин вазири адлияи Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳолатҳои сабти издивоҷ дар ҷумҳурӣ тайи нимсола ба андозаи 9% зиёд шудаанд.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон тайи ин муддат беш аз 32,8 ҳолати никоҳро ба қайд гирифтаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 ҳазор адад зиёд мебошад.
Дар зимн ҳолатҳои сабти таваллуд низ дар ҷумҳурӣ тайи нимсолаи аввали соли равон ба андозаи 3% коҳиш ёфта, ба зиёда аз 108 ҳазор ҳолат баробар шудааст.
Фавт дар ҷумҳурӣ ба иттилои мақомоти адлия 4% зиёд шуда, ба беш аз 17 ҳазор ҳолат расидааст.