ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Ба иттилои сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода норасоӣ дар охири сол ҳамагӣ 22 нафарро ташкил медод.
Ба гуфтаи хонум Набизода норасоӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Панҷакент ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои манбаъ, дар вилоят 947 муассисаи таълими фаъолият дорад дар он беш аз 37 622 ҳазор омӯзгор кор мекунанд.
“Дар соли хониш 2022-2023 тибқи пешниҳоди шаҳру ноҳияҳо, эҳтиёҷ ба омӯзгоронро беш аз 800 нафар ба нақша гирифта будем, аммо ниёзро мо аз рӯи кадрҳои ҷавон ҷуброн кардем”, - таъкид карданд сардори раёсати маорифи Суғд.
Ба иттилои хонум Набизода, аз донишгоҳҳо 649 хаттмкунандагон муроҷиати кор карданд 540 нафари онҳо ба кор қабул карда шуданд. Ҳамчунин,148 нафаре, ки тибқи таҳсил доштанд ва донишгоҳро хатм карданд, ба кор ҷалб шудаанд.
Дар нишаст таъкид карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 22 омӯзгор намерасад.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд зикр намудааст, ки соли гузашта 816 нафар омӯзгорони ғайриихтисос кор мекардан, аз шумор алакай то имрӯз 53 ҳолат бартараф карда шуд ва дар давоми сол омаду рафт дида мешавад.
Мақомдор қайд кардааст, ин раванд табиист, чун мутахассисон ба нафақа мебарояд, нигоҳибини кӯдак мераванд, ҷои зисташона иваз менамоянд ё муҳоҷирати меҳнатӣ ихтиёр мекунанд.