Тоҷикистон истеҳсоли орди худиро зиёд кардаст

Тоҷикистон дар баробари он, ки воридоти орд, яке аз серистеъмолтарин маҳсулот дар кишварро коҳиш додааст, тавлидоти худиро бештар намудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар Тоҷикистон 235 ҳазор тонна орд истеҳсол карда шудааст.
Дар ин бора Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 3% зиёд мебошад.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки новобаста ба коҳишёбии воридоти орд ва зиёд гардидани шумораи аҳолӣ камчинии орд дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ мушоҳида карда намешавад.
Ахиран хабар дода шуд, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон вуруди беш аз 21 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 7 млн долларро сабт кардааст, ки нархи миёнаи ҳар тоннаи он ба 335 доллар баробар мебошад.
Қазоқистон қасд дорад ҳаҷми интиқоли орд ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, воридоти орд ба ҷумҳурӣ наздики 2 ҳазор тонна ва ё худ зиёда аз 8% камтар шудааст.
Таъкид шудааст, ки коҳиши нархи орди воридотӣ ба поин рафтани арзиши он дар Қазоқистон рабт дорад.
Мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳисоб кардаанд, ки ба воридоти орд дар ҷумҳурӣ 25 субъект машғуланд, ки ин нишондод дар соли 2020 ба 50 субъект баробар буд.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридгардида 93,5% ба Қазоқистон ва 6,5% ба Русия рост меояд.