Тоҷикистон ният дорад ҳаҷми маҳсулоти саноатиро то охири сол ба 47 млрд сомонӣ расонад

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъкид кард, ки нишондодҳои рушди саноати ҷумҳурӣ миёни кишварҳои ИДМ аз ҳама болотар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли раон ба 20,7 млрд сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 млрд ё 10,3% зиёд мебошад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир.
Ба гуфтаи вай, ин нишондод байни кишварщои ИДМ яке аз нишондодҳои болотрин мебошад.
Шералӣ Кабир таъкид кард, ки мақомот кишвар ният дорад то охири сол нишондодҳои саноатии кишварро ба 118% яъне 47 млрд сомонӣ расонад.
Вай таъкид кард, ки яке аз нишондодҳои беҳтарин дар соҳа нишондоҳои шаҳри Душанбе мебошад 121,1% сипас дар ин феҳрист вилояти Хатлон (112%), Суғд (111%), ВМКБ (98%) ва НТҶ (94%) қарор гирифтааст.
Ҷаримаву парвандаи мансабдорон барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат: тафсилот
Вазири саноат гуфт ки, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон 3243 корхона ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба 6 моҳаи соли гузашта 764 корхона зиёд мебошад.
Вай илова кард, ки дар зарфи 6 моҳ 489 корхона бори аввал дар ҷумҳурӣ созмон дода шуд, ки ин нишонаи бевоситаи дастгирии соҳибкорони кишвар аз сиёсати пешгирифтари давлат шаҳодат медиҳад.