ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ҳифзи сарҳади давлатӣ бояд тибқи низом ва санадҳои ҳуқуқӣ таъмин гардаду ҳамагуна қонуншиканӣ дар марз бояд бартараф гарданд, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо марзбонҳо.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои нави фармондеҳӣ дар нерӯҳои марзбонӣ, аз вазъи печидаву мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақаю ҷаҳон ҳушдор дод.
Президенти Тоҷикистон дар ҳузури марзбонҳо ҳаводиси рухдода дар сарҳад, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷинояткории муташаккил, убури ғайриқонунии сарҳад, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, қочоқи молу маҳсулотро баррасӣ намудаст.
Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии ин зуҳурот ва амалҳои террористиву гуруҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастурҳои мушаххас додаст.
"Сарҳадбон будан вазифаи пуршарафу муқаддасест, ки тинҷиву амонии давлат, якпорчагӣ ва рушди минбаъдаи он аз хизмати софдилонаву садоқатмандонаи Шумо афсарону сарбозони шуҷои Ватан сахт вобастагӣ дорад", - таъкид намудаст Раҳмон.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Қисми зиёди сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз мавзеъҳои мураккаби ҷуғрофӣ мегузарад.