Нарх ва ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфтаст

Мақомоти Тоҷикистон арзиши ҳар тонна орди воридшуда ба ҷумҳуриро 335 доллар ҳисоб кардаанд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 19 доллар арзонтар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистон вуруди беш аз 21 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 7 млн долларро сабт кардааст, ки нархи миёнаи ҳар тоннаи он 335 долларро ташкил медиҳад.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, воридоти орд ба ҷумҳурӣ наздики 2 ҳазор тонна ва ё худ зиёда аз 8% камтар шудааст.
Таъкид шудааст, ки коҳиши нархи орди воридотӣ ба поин рафтани арзиши он дар Қазоқистон рабт дорад.
Қазоқистон қасд дорад ҳаҷми интиқоли орд ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад
Бар асари паст гардидани нархи содиротии он дар Қазоқистон, нархи орд дар бозорҳои истеъмолӣ дар моҳҳои май – июн ба 200 то 255 сомониро ташкил дода, коҳишёби нархи орд нисбат ба аввали сол аз 12 то 23%-ро ташкил медиҳад, мегӯянд масъулин.
Барои муқоиса оварда шудааст, ки нархи як халта орд дар моҳҳои январ-феврал то ба 260 то 290 сомонӣ дар моҳҳои март-апрел аз 230 то 265 будаст.
Мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳисоб кардаанд, ки ба воридоти орд дар ҷумҳурӣ 25 субъект машғуланд, ки ин нишондод дар соли 2020 ба 50 субъект баробар буд.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридгардида 93,5% ба Қазоқистон ва 6,5% ба Русия рост меояд.