Паёми ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои гурҷияш

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳалокат ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар осоишгоҳи Шовии Гурҷистони изҳори андуҳ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Гурҷистон, Саломе Зурабишвили барқияи таслият ирсол кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба хонум Зурабишвили аз хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар осоишгоҳи Шовии Гурҷистон изҳори андӯҳи амиқ кардаст.
"Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии худро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Гурҷистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам", - гуфт Раҳмон.
Дар Хоруғ сахттару дар Душанбе суст: Шарҳи заминҷунбие, ки Тоҷикистонро такон дод
Дар робита ба ярчи пурқурбонӣ дар Гурҷистон рӯзи 7 август мотами миллӣ эълон гардидааст.
Корҳои наҷоту ҷустуҷӯӣ дар осоишгоҳи Шовии Гурҷистон рӯзи сеюм боз идома дорад. Ярч дар деҳаи Шовӣ роҳу пул ва бӯстонсароҳоро зер кард.
Наҷотдиҳандагон беш аз 200 нафарро ба ҷойҳои бехавф кӯчонда, то ҳол ҷасади 18 нафарро пайдо кардаанд. То ҳол ҷустуҷӯи ҷасади 17 нафар, аз ҷумла 7 кӯдак идома дорад, итилоъ доданд мақомоти маҳаллӣ.
Вазорати умури дохилии Гурҷистон таъкид намудааст, ки корҳои ҷустуҷӯӣ бо иштироки ҳудуди 400 нафар идома дорад.