ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Суғд 648 ҳолати нави гирифторӣ ба бемории саратон сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Дар ин бора сардори Маркази саратоншиносии Суғд, Бахтиёр Орипов, зимни нишасти матбуотии Идораи тандурустии вилоят иттилоъ дод.
"Дар умум ҳоло шумори гирифторони ин беморӣ дар ҳудуди вилоят ба 8 ҳазор нафар расидааст" – афзуд ӯ.
Бахтиёр Орипов мегуяд, бино ба таҳқиқи оморӣ феълан ба ҳар 100 ҳазор аҳолии кишвар 248 мавриди гирифторшавӣ ба бемории саратон рост меояд.
Табибони Суғд мегуянд, ҳолатҳои гирифтории сокинон ба ин маризиро метавон ба якчанд сабабу авомил рабт дод. Аз ҷумла риоят нашудани тарзи ҳаёти солим, камҳаракатӣ, вазъи номусоиди экологӣ, истеъмоли машрубот ва тамоку аз ҷумлаи омилҳои номатлуб гуфта шуданд.
Бар пояи омори расмӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 213 ҳолати фавт аз шумори умумии беморон ба қайд гирифта шудааст. Давоми соли гузашта дар ҳудуди вилоят 700 ҳолати марги беморон сабт шудааст.
Орипов аз сокинон давъат кард, ки дар сурати пайдо шудани нахустин оризаҳо наҳаросанд ва дар қайди табобатхона гузошта барои муолиҷаи худ шурӯъ кунанд.
Ин ҳолат имкон фароҳам хоҳад меоварад, то саратон бе душворӣ табобат шавад, таъкид намуд табиби саратоншинос.