ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар яке аз бозорҳои шаҳри Намангон сӯхтор ба амал омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Хабар дар бораи сӯхтор, рӯзи 5 август, соати 03:39 ба шуъбаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Чортоки вилояти Наманган расидааст.
Дарҳол ба ҷои ҳодиса 9 гурӯҳи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ ҳозир шудаанд.
"Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ паҳншавии сӯхтор ба майдони 4000 метри мураббаъ пешгирӣ карда шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Хушбахтона дар паи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Сабаб ва хисороти сӯхтор ҳисоб карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои охир, гармои шадиди тобистонӣ дар ИМА, Канада ва Аврупо боиси сӯхторҳои шадиди ҷангалҳо шудааст.
Сӯхтори ҷангал Туркия, Юнон, Исроил, Тунис ва дигар кишварҳои ҷаҳонро низ фаро гирифтааст.