Мулоқоти сафири нави Тоҷикистон дар Минск бо дабири кулли ИДМ

Дабири кулли ИДМ сафири Тоҷикистонро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ин вазифа табрик гуфту ба ӯ дар кораш мувафақият орзӯ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар қароргоҳи ИДМ дар шаҳри Минск мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Белорус Бахтовар Сафарзода бо дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ВУХ дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунсамтаро дар доираи рӯзномаи ҷории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ намуданд.
Инчунин зимни мулоқот Сергей Лебедев сафири Тоҷикистонро ба муносибати таъйин гардиданаш табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти дипломатӣ дар кишвари Беларус муваффақият орзӯ кард.
Тоҷикистону Белорус якҷоя бо коррупсия мубориза мебаранд
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи май Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус ва ҳамзамон Эстония, Латвия, Литва ва Финляндия озод карда шуд.
Бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафири нав дар Белорус, Сафарзода Бахтовар Амиралӣ таъйин шуд.