Ҳашари сокинони деҳаи Лангар барои бартарафсозии оқибатҳои сел - акс

Дар натиҷаи ҳашари оммавӣ 2 ҳавлӣ, 12 иншооти ёрирасон, 2 км роҳ, 400 метр селроҳа ва ғайра аз ҳар гуна ифлосиҳо, лою, регу санг тоза карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Бартарафсозии оқибатҳои сел дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ идома дорад.
Бо ин мақсад дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ҳашар баргузор гардид.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, барои кумак ба осебдидагон, тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаҳо ва роҳҳои деҳа аз селовардаҳо 120 сокин деҳа ва 6 адад техникаи муҳандисӣ ҷалб гардид.
"Дар натиҷаи ҳашар 2 ҳавлӣ, 12 иншооти ёрирасон, 2 километр роҳ, 400 метр селроҳа ва 800 метр латоки обёрии заминҳо аз ҳар гуна ифлосиҳо, лою, регу санг тоза карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин ба зарардидагони сели харобиовар кумак расонида шуд.
Идомаи бартарафсозии оқибатҳои сел дар деҳаи Лангар
Ахиран, Раёсати Агентии мубориза алайҳи коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон ба аҳолии зарадида: 1000 кило орд, 60 кило макарон, 100 литр ранғани рустанӣ, 40 кило шакар, 40 кило чой кумак намудааст.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар деҳаи Лангар
Ёдовар мешавем, ки 31 июл дар деҳаи Лангари ноҳияи Айнӣ сел омада, дар натиҷа қубурҳои обгузар баста шудаву, хонаву кӯча, роҳҳо зери харобазор ва лой монда буданд.
КҲФ дар бораи селҳои харобиовар дар минтақаи Тоҷикистон гузориш дод
Он замон 150 нафар аз минтақаи осебдида кӯчонида шуданд ва то ҳол бартарафсозии офати табиӣ идома дорад.