Таваллуди кӯдак дар Суғд кам шудаасту фавт зиёд

Мақомоти вилояти Суғд таъкид кардааст, ки дар баробари кам шудани таваллуди кӯдак ва афзоиши марг ҳамчунин 5 ҳолати марги модарон ҳангоми таваллуд сабт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон 452 ҳодисаи фавти кӯдаконӣ то 1 сола ба қайд гирифта шудаст, иттилоъ додааст Раёсати тандурустии вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ миқдори фавтидагон нисбати ҳамин даври соли гузашта 55 ҳодиса зиёд ва нишондоди фавти кӯдакон 2,9 промил баланд шудааст.
Ин нишондод дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Исфара, Конибодом, Хуҷанд аз нишондоди фавти кӯдакони вилояти баланд аст.
Раёсати тандурустӣ иттилоъ дод, ки дар муассисаҳои тиббии вилоят 26309 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 1526 адад кам мебошад.
Маълум шуд, ки дар вилояти Суғд чанд кӯдак алайҳи бемории хатарнок моякӯбӣ шудааст
Ҳамзамон дар ҳудуди вилоят шумораи ҳомиладорони ба қайди назорати антинаталӣ гирифта шуда 34348 нафарро ташкил медиҳад
Дар соли равон дар вилояти Суғд ҳамзамон панҷ ҳодисаи фавти модар нисбати 5 ҳодисаи ҳамин давраи соли гузашта ба қайд гирифта шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар муасссаҳои тандурустӣ кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, назди тавалудхонаҳо ва шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдаконӣ шаҳру ноҳияҳои 221 ҳуҷраи хатна таъсис дода шудааст.