Вазорати дифои Русия видеои сафари Сергей Шойгуро ба яке аз нуқтаҳои фармондеҳӣ нашр кард, ки дар он вазири дифоъ гузориши фармондеҳиро дар бораи вазъи кунунии минтақа шунидааст.
Шойгу ба низомиён барои ҳамлаи бомуваффақият дар самти Красно-Лиманск ва ишғоли мавқеъҳои судманд изҳори сипос кард.
Ба гуфтаи Шойгу, ҳоло низомиён ва фармондеҳони онҳо бояд ба зарбаҳои пешгирикунанда алайҳи душман таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кунанд, бахусус дар ҳолатҳое, ки ҷониби Русия талош дорад сарбозони украиниро аз мавқеъҳои ишғолкардаашон берун кунад.
Дар ҷараёни бозрасӣ ҳамчунин ба вазир як мошини зиреҳпуши ҷангии гирифта шудаи сохти Шветсия CV-90 нишон дода шуд. Артиши Русия аз норинҷакандози дастӣ (РПГ-7) ин мошинро аз кор монда. Сарбозони украинӣ техникаи худро гузошта фирор карданд.
Тавре маълум шуд, кишварҳои ғарбӣ ҳангоми таҳвили техникаи низомӣ ба ҷониби Украина ба он маҷмӯаи қисмҳои эҳтиётӣ ва асбобҳои мушаххаси заруриро намедиҳанд, ки дар шароити ҷанг зуд техникаро таъмир кунанд.