ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik. Дар ин марҳила корҳои безараргардонӣ дар партовгоҳҳои радиоактивии воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳраки Адрасмон ба назар гирифта шудааст, ки онро ширкати Росатом и Русия ба иҷро хоҳад расонид.
Дар ин бора Хуршед Очилов, мудири корхонаи фаръии махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
“Марҳилаи дуюми рекултиватсиякунии партовгоҳҳои радиоактивии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст. Санаи 8 август ҷаласаи машваратии вазири саноат бо иштироки намояндагони корпоратсияи "Росатом" дар назар аст ва дар ҷараёни он масъалаи руйпушкунии партовгоҳҳои минтақаи Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Адрасмон матраҳ хоҳад шуд” – гуфт, Очилов.
Марҳилаи аввали руйпушкунии партовгоҳҳои маводи радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) и вилояти Суғд дар поёни соли 2022 оғоз гардида буд.
Бино ба гуфти Қаюм Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол дар ин давра аз ҷониби ширкати "Росатом"-и Русия бо харҷи 700 милион рубли русӣ ҳудуди 2 млн тон пасмондаҳои маводи уран дар панҷ партовгоҳ хокпӯшу безарар гардонида шудааст.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро “гӯристонҳои уран” ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Востокредмет", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, тӯли солҳои 1944 -1965 ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Аз теъдоди умумӣ, айни ҳол 2 партовгоҳи уран дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, ва минтақаи Ғозиёни Бобоҷон Ғафуров дар шароити боз қарор доранд. Дар умум замини ин партовгоҳ беш аз 150 гектар буда, дар онҳо чандин тон боқимондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудааст.
Қаблан Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни баргузории нишасти матбуотӣ гуфта буд, корҳои безараргардонии ҳамаи партовгоҳҳои уран то поёни соли 2024 ба иҷро расонида хоҳанд шуд.