ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ Туркманистон шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Манбаъ мақсади сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқободро иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон гуфтааст.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоиҷкистон, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон низ эълон дошт, ки роҳбари ин кишвар Шавкат Мирзиёев барои мулоқот бо сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон озими Ишқобод шудааст.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар таъйиди ин сафар изҳор дошта буд, ки дар доираи он аз ҷумла равобити дуҷонибаи Душанбе ва Ашқобод масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, энержӣ об, муҳити зист ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҷониби Туркманистон низ мулоқоти формати сегонаро нав арзёбӣ карда, изҳор доштааст, ки он барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ такони ҷадид хоҳад шуд.