ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, обу экология ва нақлиёт аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти роҳбарони Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон буд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ва Сардор Бердимуҳаммадов пешниҳодҳояшро ироа кард.
Эмомалӣ Раҳмон дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо Туркманистон ва Ӯзбекистон ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон хонда, тавсеаи ҳамкориҳоро ба манфиати мардуми се кишвар ва пойдории амният дар Осиёи Марказӣ гуфт.
Ӯ илова намуд, фазои мусоиди сиёсӣ, ки тайи солҳои охир дар Осиёи Миёна ташаккул ёфтааст, барои рушди устувори кишварҳо замина мегузорад.
"Тоҷикистон, бо дарназардошти захираҳои бойи гидроэнергетикии худ, ҳадаф гузоштааст, то истеҳсоли “энергияи сабз”-ро рушд диҳад ва омода аст дар ин соҳа бо кишварҳои минтақа минбаъд низ ба таври фаъол ҳамкорӣ намояд", - изҳор дошт Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба истифодаи босамари иқтидори се кишвар дар бахши нақлиёт ишора намудаст.
Раҳмон аз ҷумла аз ташаккули долонҳои тиҷоративу транзитии авлавиятнок дар самти шарқу ғарб ва шимолу ҷануби Тоҷикистон зикр намудаст, ки дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд.
Дар поини нишаст, сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон эъломияи муштаракро қабул кардаанд.