ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар яке аз манотиқи вилояти Суғд бо афзоиши мавориди худкушӣ дар миёни аҳолӣ вазъияти нигаронкунанда ба вуҷуд омадааст.
Сухан дар бораи ноҳияи Бобочон Гафуров меравад. Дар ин бора раиси ноҳия Салимзода Нусратулло дар нишасти хабарии ҳисоботияш иттилоъ дод.
Вай, аз ҷумла, таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки "вазъи худкушӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад", аммо дар айни замон рақаме надодааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Салимзода, дар 6 моҳи соли 2023 дар ноҳия ягон ҳолати содир шудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва ё иштироки онҳо дар чунин амалҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар умум дар ин муддат 336 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин рақам дар соли 2022 дар сатҳи 885 далел буд.
Қаблан коҳиши мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон сабт шуда буд.
Ба гузориши мақомти вилоят нишондиҳанда барои 6 моҳи соли 2023 10% коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, додситонӣ эълон кард, ки дар умум дар тамоми вилоят дар шаш моҳ 3000 ҷиноят содир шудааст.