ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Дар Ашқобод мулоқоти президентҳои Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва кишвардори Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов баргузор мешавад.
Санаи дақиқро рӯзномаи "Нейтральный Туркменистан" эълон кардааст.
Гуфта мешавад, ки музокироти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 4 август баргузор мешавад.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки раисҷумҳури кишвар дар ин нишаст ҳузур пайдо мекунад.
Ба ин тартиб, дар равобити дуҷонибаи Душанбе ва Ашқобод масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, энержӣ об ва муҳити зист аз мавзӯъҳои муҳими баҳс хоҳанд шуд.
Нишасти сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар Ишқобод баргузор мешавад ва масоили тавсеъаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ хоҳад шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи дарпешистода санад ба имзо хоҳад расид.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин чунин формати нишасти сарони се кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки тахмин меравад бештар сари масоили иҷтисодӣ ва амнияти марзҳо суҳбат шавад.
Ин се кишвар минтақа марзҳои тӯлонӣ бо Афғонистон доранд, ки афзоиши хатарҳо аз он сӯӣ марз онҳоро нигарон кардааст.