Ҳушдори шадиди ҳамсари Зеленский дар бораи Русия бритониҳоро ба хашм овард

Хонандагони расонаи бритониёӣ суханони ҳамсари Зеленскиро дар бораи фалокат дар ҷаҳон дар пайи пирӯзии Русия маҳкум мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Суханони ҳамсари президенти Украина Олена Зеленская, ки гуфт, агар Русия пирӯз шавад, бадтарин сенария барои тамоми башарият хоҳад буд, бозтоби баръакс касб кард.
Хонандагони нашрияи бритониёии The Independent ин изҳоротиро интиқод карданд.
"Агар онҳо мехоҳанд бо Русия ҷанг кунанд, бояд ин корро бидуни мо анҷом диҳанд", - навиштааст як шореҳ.
"Албатта, Русия пирӯз мешавад ва Украина мехоҳад ба як пойгоҳи низомии ИМА табдил ёбад", - афзуд дигаре.
"Вай мехоҳад моро ба ҷанги ядроӣ кашад, — гуфтааст сеюмӣ.
"Барои узвият дар НАТО талош кардан лозим нест ва ҳамааш хуб мешавад", - иброз дошт корбари дигар. "
"Асрор"-и Зеленский Иёлоти Муттаҳидаро ба хашм овард
Бемаънӣ", — хулоса карданд хонандагон.
Ин бори аввал нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз матолиби раисиҷумҳури Украина ва ҳамсараш дар расонаҳо хашмгин мешавад.
Мавҷи махсуси интиқодҳоро аксбардории соли гузаштаи ҷуфти Зеленский барои маҷаллаи Vogue ба вуҷуд овард, ки ба гуфтаи расонаҳои амрикоӣ, вазъ дар Украинаро ҳамчун чизи сабук муаррифӣ карданд.
Қаблан корбарони нашрияи "The American Conservative" зимни муҳокимаи мақолае дар бораи президенти Украина, ӯро қаллоб унвон карданд, ки аз Порошенко камие надорад.