ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар як шабонарӯзи гузашта воҳидҳои гурӯҳи ҷанубии нерӯҳои Русия дар самти Донетск ҳашт ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро рафъ карданд.
"Пас аз рафъи ҳамлаҳо, нерӯҳои Русия ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаштанд ва мавқеи худро дар хатти ҷабҳа, дар манотиқи шаҳракҳои Берестовое, Красногоровка ва Маринкаи Ҷумҳурии мардумии Донетск беҳтар карданд", - омадааст дар гузориш.
Ба иттило вазорати дифоъ, талафоти сарбозони украинӣ дар он ҷо ҳудуди 380 нафар низомиён, як танк, панҷ мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, чаҳор мошин, ду тӯпхонаи худгарди “Краб”-и сохти Лаҳистон ва як тӯпи “Рапира”-ро ташкил додааст.
Дар самтхои ҷанубӣ Донетск ва Запорожие ҳам задухӯрдҳои миёни артиши Русия ва Украина идома дорад
Дар самти ҷануби Донетск гурӯҳи "Восток" як ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро рафъ карда, сарбозон ва техникаи душманро нобуд кард.
Дар ин самт артиши Украина ҳудуди 175 нафар қувваи зинда, як танк, ду мошини зиреҳпӯш, ду мошин, ду тӯпхонаи М777-и сохти ИМА ва як тӯпи Д-30-ро нобуд кард.
Дар самти Запорожие воҳидҳои Русия ҳудуди 45 низомии украинӣ, ду танк, ду мошин, як тӯпхонаи худгарди “Акатсия” ва як тӯпи Д-20-ро нобуд карданд.