Тоҷикистону Русия азм доранд корхонаҳои муштарак бунёд кунанд: кай ва дар кадом соҳа?

Раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Свердловски Русия санади нави густариш додани ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расонидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Дар бораи ба имзо расидани ин санад, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, бо таклифи губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев дар намоишгоҳи байнулмиллалии “ИННОПРОМ-2023” дар Екатеринбург ҳамроҳ бо вазири саноати кишвар ва раисони шаҳру навоҳии Суғд иштирок карда ва густариш додани ҳамкориҳоро матраҳ намуданд.

“Дар доираи сафар ба Екатеринбург мо меморандумҳо ба имзо расонидем. Иқтидор ва имкониятҳои мавҷудаи иқтисодии вилояти Суғд ва минтақаи Урал зиёд аст” – гуфт Аҳмадзода.

Дар намоишгоҳи “ИННОПРОМ- 2023” и Екатеринбург, ки давоми се рӯз то санаи 13 уми июл идома кард, кишварҳои Тоҷикистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Чин дар умум ҳудуди 600 ширкати саноатии кишварҳои хориҷ молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд.
Дар Суғд дар шаш моҳ беш аз 1100 километр роҳ таъмир шудааст
Бино ба гуфти раиси вилоят, қарор аст моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳайати расмии вилояти Свердловск барои шиносоӣ бо имкониятҳои мавҷуда ба Суғд ташриф биоранд.
“Дар доираи ин сафар онҳо аз корхонаҳои мошинсозӣ ҳудуди вилоят дидан намуда масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ матраҳ хоҳад шуд” - гуфт, раиси вилояти Суғд.
Аҳмадзода зикр кард, ки зимнан вилояти Суғд бо як қатор корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла Уралмаш, барои хариддории муҳаррик ва дигар таҷҳизотҳои пойгоҳҳои обкашӣ созишномаҳо доранд.
Роҳбарони вилоятҳои Суғд ва Свердловск дар мулоқот роҳҳои густариш додани ҳамкориҳои иқтисодиро таъкид намудаанд.