“Тоҷикистандарт” либосҳои мактабии ғайристандартиро ошкор накардааст

Масъулини “Тоҷикстандарт” мегӯянд, ки аз аввали сол то имрӯз дар кишвар беш аз 103 ҳазор либоси мактабӣ дӯхта шудааст, ки ҳамаш ба стандарти кишвар мувофиқанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Масъулини “Тоҷикстандарт” зимни нишасти матбуотӣ таъкид карданд, ки беҳтар кардани сифати либоси мактабӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат аст.
Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод “Тоҷикстандарт” дар якҷоягӣ бо вазорати маориф ва вазорати саноат стандарти давлатӣ қабул шудааст ва дар бораи ин стандарт ба тамоми корхонаҳои истеҳсои мавод дастрас шудааст.
“Мо бо бахши хусусӣ дар ҳамкорӣ ҳастем. Мо корхонаҳоро бо стандарти давлатӣ таъмин мекунем ва мефаҳмонем. Алакай мо дар шаҳри Душанбе ҳам як чанд маротиба бо корхонаҳо семинарҳои омӯзишӣ гузарондем “, - гуфт намояндаи “Тоҷикстандарт”.
Вай афзуд, ки “Тоҷикстандарт” дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дар соли 2022 дар асоси талаботи стандарти кишвар тавсеаи методӣ дар бораи андозаҳои либоси мактабӣ барои духтарону писарон таҳия кард.
Дар Тоҷикистон 80 корхона либоси мактабӣ тавлид мекунанд
Масъулин мегӯянд ин тавсияҳои методӣро ба ҳамаи корхонаҳо расониданд.
Дар 7 моҳи соли равон 36 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки бевосита бо агентии “Тоҷикистандарт” ҳамкорӣ доранд. Онҳо барои истеҳсоли маҳсулоти худ сертификати мутобиқат гирифтанд.
“Ба зиёда аз 103 ҳазор либоси мактабӣ аз тарафи “Тоҷикстандарт” тибқи талаботҳо алакай сертификати мутобиқатӣ дода шудааст. Яъне ин либосҳои мактабӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошанд”, - гуфтан масъулини “Тоҷикстандарт”.
Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои зиёде аз либосҳои мактабии ғайристандартӣ дар ин авохир нашр шуд.
Аммо Темурҷжон Абдулваҳобзода раиси "Тоҷикстандарт", ки дар ин нишаст ҳузур дошт гуфт, ки ниҳоди онҳо ягон аризаи шикоятӣ дар бораи сифати либоси мактабӣ нарасидааст.
Талоши Тоҷикистон барои роҳёбӣ ба бозори “Ҳалол”: "Тоҷикстандарт" гуфт, чаро ин муҳим аст
Бояд гуфт, ки дар кишвар волидон ҳамасола аз сифати либоси мактабии истеҳсолкардаи истеҳсолкунандагони маҳаллӣ изҳори норозигӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол раиси “Тоҷикстандарт” кард, ки Тоҷикистон як кишвари мустақила аст ва бояд худаш ин намуди либосро истеҳсол намояд. Ин ниҳод корҳоро дар ин самт давом медиҳад.
Оқои Мирзоён илова кард, ки соли 2020 ба ин агентӣ 50 корхонаҳо барои гирифтани сертификати муроҷиат карда буданд. Аммо соли 2021 шумори муроҷиатҳо ба 81 расид ва имсол бошад алакай 96 корхона барои гирифтани сертификат муроҷиат кардаанд.