42 шаҳрванди хориҷӣ дар Хатлон қавонини муҳоҷиратиро нақз карданд

Мақомоти Хатлон мегӯяд, ки нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки қавонини муҳоҷиратиро нақз кардаанд парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз намудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Раҳбари Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Азизода Баҳодур зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки кормандони ин ниҳод 42 ҳолати ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ошкор намуда, нисбати 42 шаҳрванди хоричӣ парвандаҳои ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз намудаанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои вай, ин ҳолатҳои ҳуқуквайронкунии маъмурӣ дар натичаи гузаронидани амалиётҳои назоратӣ дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Азизода Баҳодур, ин 42 шаҳрванди хориҷӣ ба маблағи беш аз 59 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд ва ба буҷаи давлат ворид карда шуд.
Дар Хатлон аз камбуди шадиди мактабҳо гуфтанд
Манбаъ таъкид кардааст, ки маблағи ҷарима нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 50 ҳазор сомонӣ, ё 37 парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ зиёд мебошад.
“Дар ҳудуди вилояти Хатлон 35 субъекти хоҷагидории дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хоричӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо 633 шаҳрванди хориҷӣ фаъолият мекунанд”, – афзуд ӯ.
Ҳамзамон вай илова кардааст, ки дар ин ширкатҳо 5700 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 233 муҳоҷири меҳнатие, ки вурудашон ба дигар кишвар мамнуъ мебошад, бо кор таъмин гардидаанд.
Азизода Баҳодур, гуфт, дар мачмуъ дар ин даври ба 81 шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳудуди вилоят кору фаъолият мекунанд, иҷозатнома барои кор аз тарафи Раёсат дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 нафар зиёд мебошад.