ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз имрӯз 1-уми август пардохти ҳаққи хидматрасонии давлатӣ, боҷҳо, андозҳо, пардохтҳои хидматрасонии манзилу коммуналӣ, тиббӣ комилан ғайринақдӣ сурат мегирад.
Чунин тадбирҳо тибқи фармони раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи чораҳои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ” ҷорӣ карда шуданд.
Тибқи ин санад, аз ин сана ба тамоми сохторҳо қабули пардохтҳо бо пули нақд манъ аст.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти расмии Бонки миллии кишвар, то моҳи декабри соли 2022 сокинони Тоҷикистон беш аз 5,1 миллион корт дарёфт кардаанд ва боз шудани 6,3 миллион ҳамёни электронӣ низ сабт шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, аз ин сана ҳукумати пойтахт барои гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барномаи Smart Pay-ро ҷорӣ мекунад.
Тавре муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев қайд кард, тамоми ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи мобилӣ ва интернет муваззафанд, ки барои таъмини амнияти иттилоотӣ меъёрҳои байналмилалиро риоя кунанд.