Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор доктору номзади илм дорад

Дар миёни кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, ки феълан дар Тоҷикистон фаъолият доранд, беш аз 16%-ашонро докторҳои илм ташкил медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар шуроҳои диссертатсионӣ дар Тоҷикистон давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 45 нафар, аз ҷумла 5 нафар рисолаи докторӣ ва 40 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 5340 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд.
Аз миёни кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 865 нафараш ё худ беш аз 16%-ро докторҳои илм ташкил медиҳанд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳисоб кардааст, ки дар миёни докторҳои илм 131 нафарашон ва ё зиёд аз 15% занон мебоошанд.
Тоҷикистон чанд мактабу хонанда дораду чанд омӯзгор намерасад?
Манба афзуд, ки ҳамчунин 4370 нафар номзади илм ва 105 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.
Таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсиони назди президенти Тоҷикистон 74 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуда, аз рӯи 180 ихтисоси анъанавӣ ва 180 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро ба ҳимоя қабул менамоянд.
Дар шашмоҳаи соли 2023 ба Комиссия 470 диссертатсия ворид гардида, аз ин
шумора ҳимояи 255 диссертатсия тасдиқ гардидааст, илова намуд Вазорат.
Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 17 шуроҳои дессертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Русия ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият менамоянд, таъкид кард Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.