Маблағи ба нафақа ва ёрдампулӣ дар вилояти Суғд наздик ба 436 млн сомонӣ расид

Дар авоили моҳи феврал раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро дар бораи дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба имзо расонида буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тавре мақомоти вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар додааст, дар вилят шумори нафақахӯрон то 1 июли соли равон 233 ҳазор нафарро ташкил долдааст
Ба иттилои манбаъ, маблағе, ки аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилоят гузоригидашуда дар моҳҳои январ–июни соли равон 444,1 млн. сомониро ташкил додааст.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ маблағи нафақа ва ёрдампулии пардохтшудат дар моҳҳои январ-июни соли равон бо назардошти бақияи аввали сл 435,5 млн. сомониро ташкил додааст.
Нафақаи камтарин дар Осиёи Марказӣ дар кадом кишвар аст
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои мақомоти расмӣ то якуми апрели соли 2023 шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ 765 ҳазору 378 нафарро ташкил медиҳад, ки талаботи моҳонаи онҳо ба нафақа 256, 3 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 миллион сомонӣ ё 1,9 фоиз афзудааст.
Ҳамзамон аз шумораи умумии нафақагирон гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ 317 ҳазору 347 нафар, нафақаҳои суғуртавӣ 259 ҳазору 558 кас ва нафақаҳои иҷтимоӣ 188 ҳазору 453 шахсро ташкил медиҳанд.
Инчунин бояд қайд кард, ки то 1 — уми июли соли 2023 зиёда аз 783 ҳазору 251 нафақагир мавриди бозҳисобӣ ва индексатсияи нафақа қарор гирифтанд.