Бештари квотаҳои таҳсил барои Тоҷикистонро Русия ҷудо кардаст

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли таҳсили гузашта аз 18 кишвари ҷаҳон квотаи таҳсил барои довталабони тоҷикро дастрас кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Ҳудуди 70%-и квотаҳои таҳсилро, ки кишварҳои хориҷӣ барои Тоҷикистон ҷудо кардаанд, ба Русия рост меояд.
Дар ин бора муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷӯразода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи муовини вазири маориф, соли таҳсили гузашта Тоҷикистон беш аз 1300 квота барои таҳсили донишҷӯён дар хориҷаро дастрас кард, ки 902 ададашро Русия ироа кардааст.
Дар пайи Русия, Чин қарор гирифтаст, ки барои довталабони тоҷикистонӣ 125 квотаи таҳсил ҷудо кардааст.
Ҳамчунин Қазоқистон 100 квотаи таҳсил, Туркия 50 адад, Малайзия 30 ададро барои Тоҷикистон ҷудо намудаст.
Парлумони Русия барои дохилшавии донишҷӯёни ИДМ шароитҳои нав муҳайё кард
Дар маҷмуъ 18 кишвари ҷаҳон дар давоми соли хониши гузашта барои Тоҷикистон квота додаанд, афзуд Ҷӯразода.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия теъдоди квотаҳоро барои довталабони тоҷик зиёд мекунад. Аз ҷумла гуфта шуд, ки ҷойҳои ройгон барои соли таҳсили 2023-2024 барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба 1 ҳазор мерасад.
Бар асоси омори расмӣ, дар муассисаҳои олии таълимии Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик таҳсил доранд. Таъкид шудааст, ки ин омор ҳама шаклҳои таҳсил ва донишҷӯёни филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар хориҷа ва созмонҳои муштараки таълимиро фаро мегирад.