Чор зоири тоҷик дар Арабистони Саудӣ даргузаштанд

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон эълон кард, то ҳол ҳамаи ҳоҷиёни кишвар аз Арабистони Саудӣ ба Ватан баргаштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар маъракаи ҳаҷи соли равон 4 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ даргузаштанд.
Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки ин шаҳрвандон бо марги табиӣ фавтиданд.
"Мутаассифона, дар ин сафар 4 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо марги табиӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот карданд ва тибқи тартиб онҳо дар ҳамон ҷо дафн шуданд", - илова намуданд масъулини Кумита.
Дар Тоҷикистон Қонуни танзим чӣ гуна риоя мешавад: омор
Дар маҷмуъ тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, соли равон аз кишвар беш аз 4,5 ҳазор нафар ба хотири зиёрати хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.
Маросими ҳаҷ дар сатҳи баланди ташкили баргузор гашт ва то ҳол ҳамаи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд, афзуд ин ниҳод.
Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат, арзиши хизматрасониҳо барои мавими ҳаҷи соли равон 59 ҳазор сомонӣ муайян гардида буд.
Дар мавриди ҳаҷи умра, ки чаро бештар зоирини тоҷик аз тариқи Ӯзбекистон мераванд, масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон изҳор доштанд, ки он ба нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва дигар омилҳо рабт дорад.