ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ба Тоҷикистон 800 адад модарзанбӯри бордоркардашудаи зотҳои "карпатӣ" ва "карникӣ" ворид карда шуданд, иттилоъ дод Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин кор бо мақсади беҳтар намудани зоти занбӯриасали дар ҳудуди мамлакат парваришёбанда амалӣ гардидаст.
"800 адад модарзанбӯри бордоркардашудаи зотҳои “карпатӣ” ва “карникӣ” ворид гардида, дар оянда аз ҳамин ҳисоб зиёда аз 10 ҳазор оилаи занбӯри асал хушзот карда мешавад", - афзудан масъулини Вазорат.
Таъкид гардид, ки соҳаи занбурпарварӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати аввали моҳи дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ наздики 266 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодаанд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон афзуд, ки дар шашмоҳа ҳудуди 605 тонна асал истеҳсол карда шудааст.
Дар доираи амалишавии барномаи рушди соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии “Асали Тоҷикистон” 520 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, илова намуд ин ниҳод.
Бо ин маблағ 290 оила занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрока харидорӣ гардида, ба занбӯриасалпарварони инфиродии мамлакат тақсим карда шуд, афзуд Вазорати кишоварзӣ.