ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Дар ин бора Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотияш изҳор дошт.
Гуфта мешавад, ки афзоиши нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 7,9%-ро ташкил додааст.
"Аз ҷумла ҳосили рекордии зардолу ба даст оварда шуд", — афзуд Қурбон Ҳакимзода.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ҳосили меваҷот “нисбат ба соли гузашта ду баробар бештар аст”.
Илова бар ин, вазири кишоварзӣ таъкид кард, ки истеҳсоли тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз 1 то 10,2 фоиз афзуд. Аммо картошка, ангур, тухм ва асал истисно буданд, ки ҳосилнокии он аз 0,3 то 4,1 фоиз кам шуд.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон, сабаби коҳиши ҳосилро шароити иқлимии тобистони имсол унвон кард.
Ҳакимзода ҳамчунин гуфт, ки соли ҷорӣ пиёз қимат намешавад ва сокинон бояд ташвиш нашаванд.
“Боиси ташвишатон набошад. Имсол майдони зарурӣ кишт шудааст ва нархи пиёз набояд қимат шавад. Бо вуҷуди ин, вазир хоҳиш намуд, ки мардум то ду сол захираи маводи озуқа дошта бошанд", - афзуд вай.
Ӯ гуфт, агар дар моҳи сенябр 200-300 кг пиёзро харида захира кунанд, то моҳи майи соли оянда мерасад.