ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Орди гандум, равған ва гӯшти мурғ дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шудаанд, изҳор дошт вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, Қурбон Ҳакимзода.
Ба иттилои ӯ, маҳсулоти аз ҳама серистеъмол дар Тоҷикистон - орди гандумӣ ба андозаи 38% дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта арзон шудааст.
Ҳамчунин нархи равған -36% ва гӯшти мурғ - 2% дар муқоиса бо нимсолаи пешӣ поин рафтааст.
Дар баробари ин бисёре аз маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои ҷумҳурӣ нисбатан гарон шудаанд.
Қурбон Ҳакимзода аз ҷумла изҳор дошт, ки нархи биринҷ – 16 % гарон, шир - 12 %, гушти гов - 3% қимат, донагиҳо - 1-2 % ва картошка - 10% қимат шудаанд.
Гароншавии нархи бисёре аз маҳсулот дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазири кишоварзии Тоҷикистон истеҳсоли тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар аз 1 то 10% афзуд. Аммо картошка, ангур, тухм ва асал истисно будаанд, ки ҳосилнокии он аз 0,3 то 4% кам шудаст.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон, сабаби коҳиши ҳосилро шароити номусоиди ҳаво арзёбӣ кард.
Ҳакимзода ҳамчунин гуфт, ки соли ҷорӣ пиёз қимат намешавад ва сокинон бояд ташвиш нашаванд.
"Боиси ташвишатон набошад. Имсол майдони зарурӣ кишт шудааст ва нархи пиёз набояд қимат шавад. Бо вуҷуди ин, вазир хоҳиш намуд, ки мардум то ду сол захираи маводи озуқа дошта бошанд", - афзуд вай.
Ӯ гуфт, агар дар моҳи сенябр 200-300 кг пиёзро харида захира кунанд, то моҳи майи соли оянда мерасад.