Тоҷикистон фурӯши барқ ба хориҷаро кам кард

Харидори асосии нерӯи барқи Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон чун анъана Афғонистон боқӣ монда, дар зинаи дуюм Ӯзбекистон қарор дорад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба хориҷи кишвар наздики 974 млн кВТ/соат нерӯи барқ содир кардааст.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 85 млн кВт/соат кам мебошад.
Арзиши барқи содиркардаи Тоҷикистон ба хориҷа 383 млн сомонӣ ҳисоб карда шудааст.
Харидори асосии нерӯи барқи Тоҷикистон Афғонистон буда, дар 6 моҳ 685 млн кВт/соат бо арзиши қариб 320 млн сомонӣ дастрас кардаст.
Таъхири пайвастшавии комили Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ
Ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба Ӯзбекистон ба 289 млн кВт/соат ба маблағи қариб 63 млн сомонӣ баробар шудааст.
Таъкид гардидааст, ки аз ҳаҷми умумии нерӯи содиркардаи Тоҷикистон, 2,6 млн кВт/соат бо нархи 1 млн сомонӣ ба ширкати "Помир Энержӣ" рост меояд.
Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли равон беш аз 10,7 млрд кВт соат нерӯи барқ тавлид шудааст.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондод дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта наздики 210 млн кВт/соат ё беш аз 3% зиёд мебошад.