ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Содироти молҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон тариқи роҳи оҳан беш аз 378 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҳазор тонна кам мебошад.
Дар ин бора КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" иттилоъ дода, молҳоеро ном бурдаст, ки содироташон кам шудааст.
Ба иттилои ин корхона, аз ҷумла содироти пахта қариби 15 ҳазор тон, маҳсулоти зудвайроншаванда қариби 20 ҳазор тонна, меваҳои хушк 8,3 ҳазор тонна, алюмин беш аз 6 ҳазор тонна, маъдани ранга 57 ҳазор тонна кам шудааст.
Содироти семент аз тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон низ ба андозаи беш аз 79 ҳазор тон кам гардидааст.
Воридоти молҳои хоҷагии халқ тариқи роҳи оҳан ба 2,5 млн тон баробар гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 626 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Аз ҷумла воридоти бензин ба андозаи 65 ҳазор тонна, сӯзишвории реактивӣ беш аз 19 ҳазор тонна, мазут 28,5 ҳазор тонна, равғанҳои молиданӣ 2,6 ҳазор тонна, гази моеъ беш аз 64 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ 67 ҳазор тонна, орд 26 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.
Мақомоти бахши нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ҳиссаи роҳи оҳан дар интиқоли байналмиллалии бор назаррас буда, 70%-и борҳо ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
Таъкид шудааст, ки ҷиҳати дастгирии мизоҷони ватанӣ дар самти боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз 30% то 80% сабукиҳо пешниҳод шудаанд.