Сели харобиовар дар ду деҳаи Панҷакент

Мақомоти шаҳри Панҷакент ахиран эълон карданд, ки деҳаҳои Роҷ ва Равоти Ҷамоати деҳоти Амондара бар асари омадани сел зиён дидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар ин рӯзҳо дар деҳаҳои Роҷ ва Равоти Ҷамоати деҳоти Амондара низ сел омад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент.
Ба иттилои манбаъ, хушбахтона бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале сел роҳу кӯчаҳо, ҷӯйбор, хати оби поезию нӯшиданиро хароб намуда, ба чанд хонаи сокинони ин деҳаҳо селоба ворид шуда, қитъаҳои шолизорро пахш намудааст.
Ба иттилои манбаъ, ахиран ҳайати кории мақомоти шаҳри Панҷакент дар симои раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз деҳаҳои Роҷ ва Равоти Ҷамоати деҳоти Амондара, ки ба асари сел зиён дидаанд, боздид кард.
Бо дастури раиси шаҳр барои тоза кардани роҳҳо техникаи зарурӣ ва сокинони деҳаҳо сафарбар карда шуданд.
КҲФ аз зарари сел ба сокинони ноҳияи Айнӣ гуфт
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ раиси шаҳр аз хонаҳои аз сел зиёндидаи сокинони ин деҳаҳо дидан кард.
Раиси шаҳри Панҷакент ба мақомоти марбута супориш дод, ки зиёни расида ба деҳаҳо ва майдонҳои кишт ҳисоб карда, масъалаи ба ҷои амн кӯчонидани хонаҳо дар минтақаҳои хавфнок омӯхта, дар навбати аввал барои бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин намудани ин деҳаҳо, аз қуму шағал тоза кардани роҳу кӯчаҳо тадбирҳои амалӣ андешида шавад.
Бо дар ҳоли ҳозир бартараф намудани оқибатҳои сел дар ин деҳаҳо идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари офати табиӣ – сел, ки 28 июл сар зад, 161 хонавода осеб диданд.
Ба иттилои КҲФ, дар ин минтақа бар асари сел 16 бинои истиқоматӣ қисман зери об монда, ба 64 иншооти ёрирасон қисман осеб расонида, ҳамчунин 81 замини наздиҳавлигӣ зери об мондааст.