ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Раиси ноҳия Салимзода Нусратулло зимни нишасти хабарияш гуфт, ки мақомоти Бобоҷон Ғафуров бояд мувофиқи дурнамо 8200 гектар пахта кишт мекард.
“Мутаасифона як қисми ноҳия аз ҳисоби сой Хоҷабақирғон обёрӣ мешавад, ки вай бевосита ба давлати ҳамсоя алоқамандӣ дорад. Ҳам дар ноҳияи мо ва ҳам Ҷаббор Расулов мушкилот дар самти пахтакорӣ буд”,- гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки соли равон бештар аз ҳазор гектар замини пахта талаф ёфт.
“Хоҷагиҳои Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, як қисми хоҷагиҳои Урумхоҷаев, ҳамчунин хоҷагиҳои минтақаи Хистеварз Овчиқалъача ҳам талаф диданд” – қайд кард оқои Салимзода.
Вай гуфт, ки дар гармиҳои имсола мушкилоти обёрӣ низ то ҳозир вуҷуд дорад. Аммо новобаста аз ин кишвоарзон талош доранд, ҳосилро тибқи нақша ҷамъ кунанд.
Ба иттилои вай, як қисми ноҳия аз сойи Хоҷабоқирғон обёрӣ мешавад, ки он бевосита ба Қирғизистон алоқамандӣ дорад.
“Оби сой дар вақте, ки барои мо 10 куб зарур буд, як куб ҳам дастрас накардем", - гуфт раиси ноҳия.
Вай қайд кард, кишвари ҳамсоя ҳам дар вохӯриҳо аз камобӣ шикоят мекунад.
Мақомдори ноҳия афзуд, ки ба ин нигоҳ накарда талош мекунанд аз кишти боқимонда, ҳосили дилхоҳ ба даст орем.
Ин дар ҳолест, ки ба иттило вазорати кишоварзии Тоҷикистон кишти пахта дар саросари кишвар ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи вазорат деҳқонони тоҷик имсол камтар пахта кишт кардаанд.
Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон танҳо дар майдони 175 ҳазору 695 гектар замин пахта кишт шудааст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 5847 гектар кам аст.
Гуфта мешавад, кишти тиллои сафед тибқи дурнамо танҳо 94% иҷро гардид.