Аъзам Атаханов: Санъат ба инсон имкон медиҳад ҷаҳонро бо чашми дигар бинад - видео

Азам Атахонов бо омезиш додани фарҳанги Ғарбу Шарқ дар мусаввараҳояш ба беҳтарин шева фарҳанги Тоҷикистонро барои хориҷ, бахусус Русия маррафӣ кардааст
Sputnik
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар бораи Аъзам Атаханов гуфта буд, ки асарҳои ӯ бозгӯи таърихи қадима, анъана ва фарҳанги Шарқ ба шумор мераванд, ки хотираҳои ҷолиберо аз гузашта ба ёд меоранд.
Наққошиҳои рассоми тоҷик Аъзам Атахонов инъикосгари олами мафтункунандае мебошанд, ки дар онҳо малоику фариштаҳои дорои хусусияти масеҳӣ бо фарҳанги тоҷикона мавқеи хоса доранд.
Дар эҷодиёти Атахонов анъанаҳои фарҳангии форси шарқӣ, санъати пешоҳанги рус ва эҳёи аврупоӣ бо ҳам омезиш мехӯранд.
Аъзам Атаханов – мусаввиру муаррифи Тоҷикистон дар Русия
Дар эҷодиёти рассоми тоҷик анъанаҳои миллӣ ва ё русию аврупоӣ дар алоҳидагӣ кам аккосӣ мешаванд. Вай бисёртар кӯшиш кардааст, бо омезиши фарҳанги Шарқу Ғарб акси оламро нишон диҳад.
Аъзам Атахонов зодаи Душанбе, хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии пойтахт ва Омӯзишгоҳи олии расомӣ-саноатии Маскав ба номи Строганов мебошад. Аз соли 1989 дар Маскав зиндагӣ мекунад. Аз соли 1990 ба ҳайси аъзои Шӯрои рассомони Русия пазируфта шудааст.
Дар Душанбе намоишгоҳи рассоми маъруфи тоҷик баргузор шуд: видео
Асарҳои Аъзам Атахонов дар Осорхонаи давлатии санъати халқҳои шарқи Маскав, Осорхонаи санъати тасвирии Тотористон, Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод дар Душанбе ва дар дигар мавзеъҳои нигоҳдории дохилию хориҷии Русия маҳфузанд.