Афзоиши тавлиди барқ дар Тоҷикистон: Чӣ қадар пул ҷамъ шуд?

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон аз афзоиши тавлидоти нерӯи барқ дар кишвар муфассал гузориш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли равон беш аз 10,7 млрд кВт соат нерӯи барқ тавлид шудааст.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондод дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта наздики 210 млн кВт/соат ё беш аз 3% зиёд мебошад.
Дар баробари ин тавлидоти гармӣ дар ҷумҳурӣ 18% кам шуда, дар нимсола ба 550 ҳазор Гкал баробар шудааст.
"Сабаби нисбатан камшавии ҳаҷми истеҳсоли нерӯи гармӣ ин нисбатан барвақт қатъ шудани фаъолияти марказҳои барқу гармидиҳӣ дар соли ҷорӣ мебошад", - омадааст дар итттилоия.
Шиддати пасти барқу танқиси аз об: раиси нави Зафаробод аз ду мушкили ноҳия гуфт
Вазорати энергетика таъкид намуд, ки ҷамъоварии ҳаққи нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ беҳбуд ёфтааст.
Аз ҷумла зикр шуд, ки давоми нимсола беш аз 2,25 млрд сомонӣ ҷамъоварӣ гардидаст, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 434 млн сомонӣ ва ё 23,8% зиёд мебошад.
Таъкид гардид, аз ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби аҳолӣ ба 86,6% баробар шуда, ба 825 млн сомонӣ баробар шудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 153 млн сомонӣ ё 22% зиёд мебошад.