ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Масъулин муваззаф шудаанд, ки то таҷлили Истиқлолияти давлатӣ корҳои сохтмонӣ дар нақби "Истиқлол"-ро пурра ба анҷом расонанд, иттилоъ дод Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, анҷоми корҳои азнавсозӣ дар нақби "Истиқлол", ки тибқи қарордод арзиши умумии лоиҳа 11 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, бояд то охири соли 2022 анҷом меёбанд, аммо бо сабабҳои объективӣ ба таъхир монд.
Дар доираи навсозӣ аз ҷумла насби системаи ҳовокашӣ, рӯшноӣ, огоҳии бармаҳал ва бехатарии сӯхтор амалӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони нақби “Истиқлол” моҳи сентябри соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии "Собир" оғоз шуда буд.
Соли 2006 нақб ба истифода дода шуд, аммо солҳои зиёд бидуни системаи рӯшноӣ, низоми ҳавокашӣ кор мекард. Ронандагон шикоят мекарданд, ки ба далели ҷорӣ шудани обҳои ҷамъшуда дар дохили тунел ҳаракати нақлиёт тавассути он хатарнок аст.
Соли 2011 дар нақби "Истиқлол" корҳои обкашӣ анҷом дода шуда буд, аммо даруни он ҳанӯз торик ва намнок буд. Моҳи январи соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Эрон созишнома дар бораи иҷрои марҳилаи дувуми тарҳи нақби “Истиқлол” имзо шуд.
Нақби "Истиқлол" дар 80-километрии шимоли Душанбе, дар роҳ сӯи Хуҷанд воқеъ аст. Дарозии туннел 5,2 километрро ташкил медиҳад. Нақб минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро мепайвандад.