Иштироки Путин дар гузашти нерӯҳои баҳрӣ - видео

Флоти Русия на як бору ду бор дар сари роҳи душман ҳамчун қалъаи шикастнопазир истода буд ва таъйиноти аслии он ҳифзи Ватан мебошад
Sputnik
Президенти Русия Владимир Путин дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ гуфт, ки флот посбони шикастнопазири сарҳади Ватан буд ва боқӣ мемонад.
Вай зимни ироаи паём дар гузашти ҳарбӣ изҳор дошт, ки тамоми кишвар ба ҳайати баҳрнавардони киштиҳо, аз ҷумла зериобӣ, нерӯҳои ҳавоии баҳрӣ, нерӯҳои соҳилӣ ва низомиёни далеру шуҷоъ эҳтирому эътирофро қоил аст.
"Мо ба ҳамаи наслҳои киштисозон ва баҳрнавардон бо миннатдорй сари таъзим фуруд меорем. Тайёрии онҳо, садоқат ба вазифа ва Ватан, маҳорати кордонӣ ва истеъдодашон сарнавишти бузури Русияро муайян кард", - гуфт Путин.
Мӯҳри хомӯшӣ: дар Ғарб аз муаммои нави вобаста ба Украина ҳарос доранд
Вай афзуд, ки ҳанӯз аз замони Пётри 1 нерӯҳои дарёии Русия дар набардҳои баҳрӣ, сайру саёҳатҳои саросари ҷаҳон, бозёфтҳои ҷуғрофӣ ва илму техника пирӯзиҳои зиёд ба даст овардаанд.
Соли равон 320-солагии Флоти Балтика, 290-солагии Флоти Шимолӣ ва 240-солагии Флоти Баҳри Сиёҳ ҷашн гирифта мешавад. Раисҷумҳури Русия иттилоъ дод, ки танҳо соли равон 30 киштии навъҳои гуногун ҳайати нерӯҳои дарёии кишварро пурра мекунанд.
Владимир Путин зикр намуд, ки зиёда аз сад сол пеш Петр Столипин ин нерӯҳоро далели он номида буд, ки халқ қудрат дорад, баҳрро таҳти назорат дошта бошад.
Маврид ба зикр аст, ки гузаштҳои ҳарбӣ дар Владивосток, Балтийск, Североморск, Каспийск, Новороссийск ва Тартус (Сурия) баргузор гардиданд.