ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҳалокати беш аз 100 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ давоми нимсолаи аввали соли равон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар 6 моҳи аввали соли равон дар роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт 161 садама ба қайд гирифта шудааст.
"Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар давоми нимсола 171 нафар маҷруҳ ва 101 нафар ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати нақлиёт таъкид намуд, ки дар мувофиқа ба ҳамин давраи соли 2022 сатҳи садаманокӣ беш аз 30% афзоиш ёфтааст.
Шумораи фавтидагон дар муқоиса бо шашмоҳаи аввали соли гузашта 35% ва ҷароҳатбардоштагон 43% зиёд аст.
"Асосан садамаҳо аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт ва риоя нагардидани қойдаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон рух додаанд", - омадааст дар иттилоия.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки дар муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ ба барқароркунӣ ва гузоштани аломатҳои роҳ сол то сол аҳамияти чиддӣ дода истодаанд.
Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта беш аз 2,3 ҳазор ва соли равон зиёда аз 1,8 ҳазор аломати роҳ гузошта шудааст.
Вазорати тақлиёт изҳор доштааст, ки барои беҳтар намудани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имконот мунтазам чораҳои зарурӣ меандешанд.