Путин: Флот посбони шикастнопазири сарҳадоти Ватан боқӣ мемонад

Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз замони Пётри 1 нерӯҳои дарёии Русия пирӯзиҳои зиёд ба даст оварда, дар сайрҳои ҷаҳонӣ ва кушоишҳои ҷуғрофӣ саҳм гузошта истодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар гузашт ба муносибати Рӯзи нерӯҳои дарёии кишвар иштирок намуда, русиягиҳоро бо ин ҷашн шодбош гуфт.
Ӯ таъкид кард, ки нерӯҳои дарёии кишвар қувваи мағлубнашавандае мебошанд, ки асрҳо дар ҳифзи сарҳаду Ватан будаанд
"Флоти Русия на як бору ду бор дар сари роҳи душман ҳамчун қалъаи шикастнопазир истода буд. Мо мудофиаи қахрамононаи Порт-Артур, Севастопол, Петропавловск ва Ленинград, ҳамчунин далерии аскарони пиёдагарди баҳриро дар Маскав, Сталинград ва минтақаҳои қутбӣ ёд дорем", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ҳанӯз аз замони Пётри 1 нерӯҳои дарёии Русия дар набардҳои баҳрӣ, сайру саёҳатҳои саросари ҷаҳон, бозёфтҳои ҷуғрофӣ ва илму техника пирӯзиҳои зиёд ба даст овардаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина талош кард ба киштии ҷангии Русия дар Баҳри сиёҳ ҳамла кунад
Президент зикр намуд, ки соли равон 320-солагии Флоти Балтика, 290-солагии Флоти Шимолӣ ва 240-солагии Флоти Баҳри Сиёҳ ҷашн гирифта мешавад.
Раисҷумҳури Русия иттилоъ дод, ки танҳо соли равон 30 киштии навъҳои гуногун ҳайати нерӯҳои дарёии кишварро пурра мекунанд.
Миёни онҳое, ки вазифаи ҷангиро ба зимма гирифтаанд, киштии мушакии "Меркурий" низ ҳаст, илова намуд ӯ.
Владимир Путин зикр намуд, ки зиёда аз сад сол пеш Петр Столипин ин нерӯҳоро далели он номида буд, ки халқ қудрат дорад, баҳрро таҳти назорат дошта бошад.
Маврид ба зикр аст, ки гузаштҳои ҳарбӣ дар Владивосток, Балтийск, Североморск, Каспийск, Новороссийск ва Тартус (Сурия) баргузор гардиданд.