ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Мусофирбарӣ аз тариқи фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраии соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Ба итттилои Агентии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон, фурудгоҳи Кӯлоб дар нимсола ба 152 ҳазор мусофир хизмат расондаст, ки ин нисбати нимсолаи якуми соли гузашта қариби 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Таъкид шудаст, ки аз тариқи фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб, ширкати "Сомон Эйр" ва ду ширкати русии "Уралские авиалинии" ва "Сибир – S7" парвозҳо анҷом медиҳанд
Ҳамзамон, дар ин давра фурудгоҳи мазкур ба 2 ҳазору 123 тонна бору боғоҷ хизмат расонидааст, ки ин нисбат ба нимсолаи якуми соли 2022 – 74 тонна кам мебошад.
Агентӣ таъкид намуд, ки дар ин давра, шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда 484 ададро ташкил дода, нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 18 адад зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба қариб 1,7 млн мусофир хизмат расондаанд, ки аз ин қариб 1 млн нафараш ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд.
Мусофирбарӣ аз тариқи фурудгоҳи байналмилалӣ дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 400 ҳазор нафар ё 30% афзоиш ёфтаанд.