ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Тоҷикистонро дар Ҷоми кушоди Осиё дар Ӯзбекистон беш аз 80 ҷудокори зану мард намояндагӣ карда, бархе ба гирифтани нишонҳои ифтихорӣ даст ёфтанд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз ҷумла дар вазни 73 кг мақоми аввалро Абӯбакр Шеров гирифт.
Дар вазни 66 кг мақоми севумро ҷудокори тоҷик, Илҳомиддин Ҷабборов ва Фазлиддин Садриддинзода касб карданд. Илова бар ин, Аҳлия Мӯъминова дар вазни 52 кг миёни занон низ медали биринҷӣ гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷоми кушоди Осиё дар Тошканд ҳамчунин наврасони тоҷик низ иштирок карданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Тошканд 4 паҳлавони навраси тоҷик медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Аз ҷумла Мадина Қурбонзода дар вазни то 48кг, Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 55кг, Муҳаммадамин Лоиқов дар вазни то 66кг, Амин Абдуҷалилзода дар вазни то 73кг-ро соҳиб шудаанд.
Дар баробари ин инчунин, Икром Шамсов дар вазни то 55кг ва Ёсин Бобокалонов дар вазни то 60 кг ҷои панҷумро гирифтанд, афзуд Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.