Афзоиши шумораи занони роҳбар дар Тоҷикистон

Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолааш аз афзоиши шумораи занони роҳбар гузориш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Теъдоди занон дар мақомҳои роҳбарии хизмати давлатӣ дар нимсолаи аввали соли равон 49 нафар афзоиш ёфта, ба 1143 нафар расидааст.
Дар ин бораи раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
"Дар нимсолаи аввали соли равон аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафари он занон мебошанд, ки ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 нафар зиёд аст", - изҳор дошт ӯ.
Вай афзуд, ки дар маҷмуъ шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4556 нафарро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 118 нафар зиёд мебошад.
Теъдоди занони роҳбар дар Хатлон маълум шуд
Таъкид гардид, ки тайи муддат барои омода кардани занон ба мансабҳои роҳбарикунанда, шаҳру вилоятҳои кишвар давраҳои бозомӯзӣ гузаронда шуданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои мақомот, занон дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд.