Дар натиҷаи ин амалҳо то 20 низомии украинӣ нобуд карда шуда, 2 мошин ва як гаубитсаи Д-30 низ нобуд карда шуд. Ин маълумотро вазорати дифои Русия нашр кардааст.
Инчунин дар бораи кӯшиши ҳамлаи Корпуси баҳрии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар канори Времевский маълум шуд. Аммо ҳуҷум бидуни комёбӣ анҷом ёфт ва низомиёни зиёди украинӣ нобуд гардиданд.
Қаблан раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин изҳор дошт, ки "силоҳи мӯъҷизавӣ"-и Ғарб ба Украина ба аҳдофи амалиёти вижаи Русия таъсире нахоҳад дошт.
Аз 24 феврали соли 2022 Русия дар қаламрави Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.
Президенти Русия Владимир Путин вазифаи Амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд" муайян кард.
Дар ҳамин ҳол, Ғарб ба таъминоти силоҳ ба режими Киев идома медиҳад, ҳарчанд ширкат дар низоъро рад мекунад.