ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби марҳилаи охирини мусобиқаи футзал бо рақибони Афғонистон вохӯрд.
Мувофики маълумоти федерациям футболи республика бозй ба хисоби 2:2 дуранг шуд. Мусобиқа дар доираи мусобиқаи CAFA Futsal Cup 2023 баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ ду бозигари тими Тоҷикистон - Насратшо Исмоилов ва Самандар Ризомов фарк карданд. Ба онхо муяссар шуд, ки ба дарвозаи хариф як туб зананд.
Дар мавриди бозиҳои дигари даври 4-ум, дар ин ҷо тими Эрон пурқувваттар баромад. Бозингарон 5 голи беҷавоб зада, бар дастаи Узбакистон пирӯз шуданд.
Футзалбозони Туркманистон бар тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Дар ин марҳила мунтахаби Тоҷикистон аз зинаи 3-юм дар раддабандӣ боло рафта, дар дороии худ 7 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали ҷамъбастӣ қарор дорад.
Пешсафон то кунун эрониҳо ҳастанд, ки 9 имтиёз ба даст овардаанд. Ғолиб ва ҷоизадорон дар даври ниҳоӣ рӯзи 30 июл муайян хоҳанд шуд.
Қаблан тоҷикон бар тими миллии Қирғизистон пирӯз шуда, бозӣ бо ҳисоби 5:3 анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯзҳо дар варзишгоҳи Душанбе нахустин мусобиқаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.