Намоиши кори ҷангии хумпораандози "Тюлпан" - видео

Намоиш дода шуд, ки чӣ ҳайати хумпораандози худгард 2С4 маъруф бо номи "Тюлпан" ё худ "Лола" қитъаи мустаҳкамшудаи нерӯҳои Украинаро нобуд карданд
Sputnik
Вазорати дифои Русия наворҳои кори ҷангии ҳайати хумпораандози худгард 2С4 маъруф бо "Тюлпан"-ро нашр кард.
Ба иттилои ин ниҳод, амалиёти хумпораандозон дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ дар самти Авдеев гузаронда шудааст.
Дар сабт нишон дода мешавад, ки чӣ тавр хумпораандози худгарди "Тюлпан" қитъаи устуворнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро мавриди зарба қарор дода, хароб кардааст.
"Мо бевосита бо ҳамоҳангсозон кор мекунем, дар охири кор онҳо ба мо миннатдорй баён карданд", - изҳор дошт фармондеҳи ҳайати хумпораандозон бо тахаллуси "Егар".
Песков дар бораи музокирот: Киев оштинопазириро пеша кардааст
Вай таъкид намуд, ки хумпораҳои сардодаашон рост ба ҳадаф расидаанд ва одатан натиҷаи корашонро баъди он мебинанд, ки ҳамоҳангсозони самти оташ наворро нобудсозии ҳадафро ба онҳо нишон медиҳанд. Ӯ афзуд, ки вобаста ба натиҷаи корашон дар навор хулосабарорӣ мекунанд.
Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.