Ҳерш: Украина бо баҳонаи созиши ғалла маводи мухаддирро ба Аврупо интиқол медод

Рӯзноманигори амрикоӣ ахиран гуфт, ки созиши ғалла ба ҷониби Украина имкон дод, ки ба Аврупо маводи мухаддир ва нафти Русияро интиқол диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Рӯзноманигори амрикоӣ Сеймур Ҳерш бо такя ба як мақоми амрикоӣ, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт, Украина ба шарофати амали созиши ғалла молҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла маводи мухаддир ва нафти Русияро ба Аврупо содирот мекардааст.
“Содирот аз Одесса молҳои ғайриқонуниро дар бар мегирифт. Украина ба Аврупо маводи мухаддир ва нафтеро, ки аз Русия дарёфт мекард интиқол медод”, - таъкид кард коршиноси амрикоӣ.
Созиши ғалла 18 июл қатъ шуд, Русия Туркия, Украина ва СММ-ро аз тамдид накардани ин созиш огоҳ кард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан қайд карда буд, ки бо вуҷуди талошҳои СММ, шартҳои созиш бо Русия риоя нашудаанд, зеро кишварҳои ғарбӣ ба ваъдаҳои худ вафо намекунанд.
Шартҳо иҷро нашуданд: нуқоти муҳиме, ки Путин дар бораи созишномаи ғалла гуфт
Путин борҳо таъкид кардааст, ки кишварҳои Ғарб бештари ғаллаи Украинаро ба давлатҳои худ содир мекарданд ва ҳадафи аслии ин созиш - интиқоли ғалла ба кишварҳои ниёзманд, аз ҷумла - ба кишварҳои африқоӣ - ҳеҷ гоҳ амалӣ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, ин рӯзноманигори амрикоӣ дар бораи даст доштани ИМА дар амалҳои террористии Киев, аз ҷумла тарикиши пули Қрим таъкид кард.
“Маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден дар ҳарду ҳамла ба пули Қрим нақши муҳим бозид. Албатта, он ҷо фанновариҳои мо буданд. Дрон аз фосилаи дур идора мешуд ва мисли торпедо зери об ҳаракат мекард", - гуфт Саймур Ҳерш.